Тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ дар Душанбе ва Ваҳдат

Дар робита ба ҳодисаҳое, ки субҳи имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайвастанду тибқи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни онҳо 7 нафар кормандони милиса ва 2 нафар аз ҳамлагарон ҳалок шудаанд, тадбирҳои пурзӯи амниятӣ андешида шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ дар ин робита иттилоъ дод, тамоми автомашинаҳое, ки ба […]

ASIA-Plus



Дар робита ба ҳодисаҳое, ки субҳи имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайвастанду тибқи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни онҳо 7 нафар кормандони милиса ва 2 нафар аз ҳамлагарон ҳалок шудаанд, тадбирҳои пурзӯи амниятӣ андешида шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ дар ин робита иттилоъ дод, тамоми автомашинаҳое, ки ба шаҳри Душанбе ворид ё хориҷ мешаванд, аз ҷониби намояндагони мусаллаҳи сохторҳои интизомӣ дақиқан мавриди тафтишу кофтуков қарор мегиранд. Кӯчаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдатро дастаҳои кормандони милиса посбонӣ мекунанд.

Субҳи имрӯз ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар таъҷилан ба кор даъват шуда, мавзеъҳои хилвати Душанберо аз назар мегузаронанд.

То ин замон ВКД Тоҷикистон ба ҷуз интишори маълумоти расмӣ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат дар сомонаи  вазорат, дигар оид ба ин ҳодисаҳо хомӯширо ихтиёр намудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

хабаргузории «Озодагон»

, Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар Бобоҷонов гуфтааст, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеч рабте надоранд: «Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.