Имзои созишнома ба маблағи 500 млн. $ миёни бонкҳои марказии Тоҷикистону Чин

Миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки мардумии Чин рӯзи 3 сентябр созишнома дар бораи мубодилаи мутақобилаи асъор аз рӯи қурбҳои сабтшуда (СВОП) созишнома ба имзо расид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан зери созишнома имзо гузоштанд. Тавре аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки мардумии Чин рӯзи 3 сентябр созишнома дар бораи мубодилаи мутақобилаи асъор аз рӯи қурбҳои сабтшуда (СВОП) созишнома ба имзо расид. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан зери созишнома имзо гузоштанд.

Тавре аз БМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин санад марҳила ба марҳила (муддати се сол) аз ҷониби Бонки мардумии Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо шудани беш аз 3,1 млрд. юан (ҳудуди 500 млн. $) пешбинӣ шудааст.

Ҷалби воситаҳои Бонки мардумии Чин бо усули «своп» сурат мегирад, ки табодули бисёрмӯҳлати пардохтҳо бо асъори миллии ҳарду кишварро дар назар дорад. Воситаҳо аз рӯи зарурат қисм-қисм дастрас карда мешаванд.

Дар Бонки миллӣ ҳамчунин илова намуданд, ки воситаҳои ҷалбмешудаи ташкилотҳои қарзии Чин ба дастгирии қурби сомонӣ, тавозуни пардохтпазирии Бонки миллӣ ва ҳамчунин ҷудо кардани қарз ба тиҷорати хурду миёна тариқи бонкҳои сатҳи дуюми кишвар равона мегарданд.

Интизорӣ меравад, ки баъди дастрас шудани ин воситаҳо миёнаравии асъори сеюм зимни муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин хеле пас меравад, зеро воридкунандагони мол аз Чин ба Тоҷикистон метавонанд воситаҳои худ бо асъори миллиро бо асъори чинӣ иваз кунанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон

як ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин

иборат аз 4 нафар ба Душанбе ташриф оварданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.