Раёсати Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) оид ба абадӣ гардонидани хотираи собиқ раиси ин иттиҳод Акбаралӣ Сатторов, ки рӯзи 28 август бемаҳал аз олам даргузашт, комиссия таъсис дод.
Аз котиботи ИЖТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар доираи қонунгузорӣ ин комиссия оид ба ҷовидонӣ гардонидани хотираи Акбаралӣ Сатторов ба ҳукумат пешниҳодҳо ироа карда, ҳамчунин раёсати иттиҳод тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик дар бораи ҳаёту фаъолияти А.Сатторов китоб нашр мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ИЖТ дар ҳамдастӣ бо дигар созмону ташкилотҳои рӯзноманигорӣ рӯзи 8 сентябр дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бахшида ба ёдбуди Акбаралӣ Сатторов ҷамъомад барпо мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки дар робита ба амалҳои террористии содиршуда аз ҷониби ҳаммаслакони собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳлат рӯзи 4 сентябр ИЖТ изҳорот қабул намуда, дар он ин амалҳоро қотеъона маҳкум намуд.



