ИЖТ хотираи Акбаралӣ Сатторовро абадӣ мегардонад

Раёсати Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) оид ба абадӣ гардонидани хотираи собиқ раиси ин иттиҳод Акбаралӣ Сатторов, ки рӯзи 28 август бемаҳал аз олам даргузашт, комиссия таъсис дод. Аз котиботи ИЖТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар доираи қонунгузорӣ ин комиссия оид ба ҷовидонӣ гардонидани хотираи Акбаралӣ Сатторов ба ҳукумат пешниҳодҳо ироа карда, […]

Аваз Юлдошев



Раёсати Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) оид ба абадӣ гардонидани хотираи собиқ раиси ин иттиҳод Акбаралӣ Сатторов, ки рӯзи 28 август бемаҳал аз олам даргузашт, комиссия таъсис дод.

Аз котиботи ИЖТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар доираи қонунгузорӣ ин комиссия оид ба ҷовидонӣ гардонидани хотираи Акбаралӣ Сатторов ба ҳукумат пешниҳодҳо ироа карда, ҳамчунин раёсати иттиҳод тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик дар бораи ҳаёту фаъолияти А.Сатторов китоб нашр мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ИЖТ дар ҳамдастӣ бо дигар созмону ташкилотҳои рӯзноманигорӣ рӯзи 8 сентябр дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бахшида ба ёдбуди Акбаралӣ Сатторов ҷамъомад барпо мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки дар робита ба амалҳои террористии содиршуда аз ҷониби ҳаммаслакони собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳлат рӯзи 4 сентябр ИЖТ изҳорот қабул намуда, дар он ин амалҳоро қотеъона маҳкум намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?