Гуфтушунидҳои Сироҷиддин Аслов бо раҳбарияти Афғонистон

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Кобул Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) зери унвони “Шоҳроҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ширкат варзид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Кобул Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) зери унвони “Шоҳроҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси мазкур ба масъалаҳои марбут ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои тавсеаи зербинои иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ ва газ, ба таълим фаро гирифтани мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, тамаркуз кард.

Дар ҳошияи кори ин конфронс Сироҷидин Аслов бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло дидору гуфтушунид карда, ҷонибҳо дар рафти суҳбат ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амният дар сарҳади давлатӣ ва рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои шимоли Афғонистон, инчунин татбиқи барномаву лоиҳаҳои тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ тамаркуз карданд.

Дар шаҳри Кобул дар чаҳорчӯби ширкат дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбате, ки доир шуд, ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла самтҳои тавсеаи равобит миёни ду кишвар дар соҳаҳои марбут ба сохтмони лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, омӯзиши мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар Кобул ҳамчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардида, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо дарназардошти мавзӯи рӯзномаи Конфронс ҷонибҳо ба зарурати андешидани чораҳои муштарак дар сатҳи минтақа ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавсеаи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ба вежа дар самти рушди тиҷорати транзитӣ, аз ҷумла бо роҳандозии лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард ва интиқоли нерӯи барқ ба вилоятҳои шимоли Афғонистон таъкид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.