Президент ба фаъолияти корхонаи бузурги сементбарорӣ дар Ваҳдат ҳусни оғоз бахшид

Субҳи рӯзи 6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум,  ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи 6 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум,  ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт. Моҳи январи соли 2013 сарвари давлат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ин корхона санги асос гузошта буд.

Гуфта мешавад, корхонаи сементбарории «Тоҷ-Чайна-2013» аз тарафи ширкати Ёқут – 2000 бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуд. Иқтидори истеҳсоли солонаи он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар як баст 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд. Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.

Дар ин корхона сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

Баъди ифтитоҳи корхона президенти мамлакат ба роҳбарияти ширкат супориш дод, ки мутахассисони маҳаллӣ барои фаъолият дар ин ҷо омӯзонида шуда, 99 фоизи онҳо аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бо кор ҷалб карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.