Медали биринҷии Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё

Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок –рӯзи 5 сентябр ба охир расид, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин мусобиқа муштзанҳои дигари тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни зери […]

ASIA-Plus



Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок –рӯзи 5 сентябр ба охир расид, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин мусобиқа муштзанҳои дигари тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни зери 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор шуд, аз рақибаш Василий Левит аз Қазоқистон аз рӯи имтиёз дар ҳарсе раунд шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, муштзани маъруфи тоҷик барои мақоми севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат кард, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби панҷ медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо касби ду медали тилло, панҷ нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мақоми севумро мизбонон – муштзанҳои Тайланд – бо касби ду медали тилло азони худ карданд.

Бояд тазаккур дод, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз якум то ҳафтумро ишғол карданд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф шуданд. Вале дар вазни беш аз 91 килограмм муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар пойтахти Қатар – Доҳа –  барпо мегардад.

Инчунин бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ сабқати қаҳрамонии ҷаҳонист, ки моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобии олимпӣ – моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку – ширкат хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.