Ширкатҳои мобилӣ хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳоро қатъ карданд

Нимаи дуюми рӯзи 6 сентябр ширкатҳои алоқаи мобилӣ хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳо барои муштариёнро қатъ намуданд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба «Азия-Плюс» муяссар гардид, ки аз марказҳои хизматгузории ширкатҳои Tcell ва MegaFon маълумот дастрас намояд. Навбатдорони марказҳои ин ширкатҳо дар ин робита иттилоъ доданд, ки мушкилот дар ин самт дарвоқеъ ҳам вуҷуд дорад ва […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 6 сентябр ширкатҳои алоқаи мобилӣ хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳо барои муштариёнро қатъ намуданд.

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба «Азия-Плюс» муяссар гардид, ки аз марказҳои хизматгузории ширкатҳои Tcell ва MegaFon маълумот дастрас намояд. Навбатдорони марказҳои ин ширкатҳо дар ин робита иттилоъ доданд, ки мушкилот дар ин самт дарвоқеъ ҳам вуҷуд дорад ва он ба мушкилоти фаннӣ марбут аст, вале ба посух ба саволи боз аз кай дастрас шудани ин хизматгузорӣ маълумоти саҳеҳ дода натавонистанд.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои мобилӣ 10 октябри соли гузашта, замоне, ки дар ҷумҳурӣ дар бораи имкони баргузории гирдиҳамойии эътирозӣ дар Душанбе овозаҳо паҳн шуда буданд, низ ба ин амал даст зада буданд ва ҳамон рӯз баъди тасдиқ нашудани овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ, дастрасӣ ба ин хизматгузорӣ барқарор шуда буд.

Айни замон дар минтақаи шарқи кишвар амалиёти безарар гардонидани аъзои гурӯҳи генералӣ фирории Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назаров идома дорад ва шояд ширкатҳои мобилӣ ба ин хотир ин хизматгузориро қатъ карда бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.