Боз 4 нафар террористон безарар гардонида шуданд

Рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дар рафти муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, 7 нафар аъзоёни ин […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дар рафти муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, 7 нафар аъзоёни ин гурӯҳ дастгир гардида, миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати «АКМ», 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амниятии миллии ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон,  барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмак дар несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд», – омадааст дар хабари интишоршуда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

ВКД Тоҷикистон қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки аз рӯзи 4 сентябр амалиётҳои якҷояи ВКД, КДАМ, ВМ ва дигар сохторҳои қудратӣ идома доранд. Дар натиҷа 32 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткории Назарзода А.М. дастгир гардида, 13 нафарашон безарар гардонида шуда, аз ин гурӯҳ зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира карда шуд. Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни «ҶИП» ва «Седан» дарёфт карда шуд.

Худи Назарзода Абдуҳалим бо ҳамроҳии 7-8 нафар ҳаммаслаконаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст. Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиётҳо барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад.

Бародари Назарзода А.М., Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич, соли таваллудаш 1972, ихтиёран худаш аз ин гурӯҳ ҷудо шуда, ба ВКД ҳозир шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома доранд.



Акс аз радиои Озодӣ  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.