Дар доираи парвандаи ҷиноии бозшуда нисбати генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода, ки аз ҷониби ҳукумат барои «содир намудани ҷиноят» аз вазифааш озод карда шуд, Прокуратураи генералӣ ба ҳисобу китоби амвол ва дороиҳои ӯ шурӯъ кард. Ҳукумат ӯро дар ташкили ҳамла ба ШВКД шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи рӯзи 4 сентябр айбдор медонад.
Шоми рӯзи 7 сентябр тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ дар ин бора гузориши аз ҷониби Прокуратураи генералӣ омодашуда намоиш дода шуд. Дар он зикр гардид, ки корхонаи нонпазии воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт аз ҷониби А.Назарзода ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст.
Дар гузориш ҳамчунин қайд шуд, ки дар ҳавлии корхонаи нонпазӣ генерал як иморати шахсии сеошёна сохтааст. Дар Вазоб Назарзода соҳиби се истироҳатгоҳи гаронбаҳо буда, бинои Пажӯҳишгоҳи геодезияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар маҳаллаи Қаротегинро ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаааст ва дар он ҷо барои худ манзили зист бунёд кардааст. Дар 50 гектар замини Пажӯҳишгоҳ ӯ нуқтаи хизматрасонӣ барои автомашинаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасон барои парвариши чорво сохтааст.
Ғайр аз ин генерал ҳамчунин молики хоҷагии деҳқонии «Тобистон» ва фабрикаи мурғпарварию асппарварӣ низ будааст. Фабрикаи мурғпарварии «Тарз»-ро генерал чанде пештар ба шахсе бо номи Саъдулло Бафоев ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА фурӯхтааст.
Толори варзишӣ дар пойтахт бо номи «Лидер», тарабхонаи «Зайтун», қаҳвахонаи «Бахтиёр», фермаи чорвопарварӣ дар Рашт, панҷ манзили зист дар Душанбе ва ҳамчунин пурра як ошёнаи сеюми манзили сеошёна дар пойтахт низ ба генерал тааллуқ доштаанд.
Дар гузориши телевизионии мазкур таъкид шуд, ки мағоза ва корхонаи дӯзандагӣ дар Варзоб ба номи зани сеюми ӯ ба қайд гирифта шудаанд.



Окибати хар як ношукри хамин
Окибати хар як ношукри хамин аст. Имруз ба хама маълум аст, ки сабабгори ин нооромихо низ ба мисли солхои гузашта ХНИТ аст.