Cокинони Ромит 18 ҷангии Назарзодаро боздошт ва ба мақомот супурданд

ASIA-Plus



Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки то имрӯз 18 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз тарафи мардум дастгир гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин аз ин гурӯҳи ҷинояткор бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Дар ин давра бо мададу дастгирии шаҳрвандон 7 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ихтиёран худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд», – қайд мешавад дар маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон.

Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткори Назарзода А.М. ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати дарёфт ва  супоридани яроқу аслиҳа кӯмак намуданд, аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хотиррасон мешавад, ки шахсоне,ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ кӯмак менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд, ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назаразода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, аъзои ин гурӯҳ дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит паноҳ бурданд.

Дар натиҷа 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози амалиёти махсус беш аз 100 нафар ҳаммаслакони генерали ошӯбгар боздошт ва 22 нафарашон кушта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...