Cокинони Ромит 18 ҷангии Назарзодаро боздошт ва ба мақомот супурданд

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки то имрӯз 18 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз тарафи мардум дастгир гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуданд. Гуфта мешавад, инчунин аз ин гурӯҳи ҷинояткор бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ […]

ASIA-Plus



Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки то имрӯз 18 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз тарафи мардум дастгир гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин аз ин гурӯҳи ҷинояткор бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Дар ин давра бо мададу дастгирии шаҳрвандон 7 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ихтиёран худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд», – қайд мешавад дар маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон.

Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткори Назарзода А.М. ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати дарёфт ва  супоридани яроқу аслиҳа кӯмак намуданд, аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хотиррасон мешавад, ки шахсоне,ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ кӯмак менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд, ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Абдуҳалим Назаразода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, аъзои ин гурӯҳ дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит паноҳ бурданд.

Дар натиҷа 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози амалиёти махсус беш аз 100 нафар ҳаммаслакони генерали ошӯбгар боздошт ва 22 нафарашон кушта шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.