Дар вохӯрӣ бо вакилон ба масъалаи афзоиши маош таваҷҷуҳ зоҳир мешавад

Дар ҷараёни вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон, ки аз 8 сентябр оғоз гардида, то 18 сентябр идома меёбанд, интихобкунандагон асосан ба масъалаҳои марбут ба болоравии музди меҳнату нафақа, стипендияву кумакпулиҳо ва ҳамчунин таъмини амният баъди ошӯби мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи Абдуҳалим Назарзода таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷараёни вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон, ки аз 8 сентябр оғоз гардида, то 18 сентябр идома меёбанд, интихобкунандагон асосан ба масъалаҳои марбут ба болоравии музди меҳнату нафақа, стипендияву кумакпулиҳо ва ҳамчунин таъмини амният баъди ошӯби мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи Абдуҳалим Назарзода таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, вакилон ба интихобкунандагони худ шарҳ медиҳанд, ки вақте ҳукумат ва мардум ягонаанд, ҳеҷ касеву ҳеҷ чизе сулҳу созишро халалдор карда наметавонад.

«Дар робита ба масъалаи болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо вакилон таъкид месозанд, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир расонд, вале бо вуҷуди ин, дархости мазкур ба ҳукумат расонида мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан таъкид шуд, ки аксари вакилон қайд мекунанд, ки масъалаи болоравии навбатии ҳаҷми музди меҳнату нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо бояд то ахири сол ҳал шавад.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии марҳилаи навбатии болоравии ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, кумакпулиҳо ва стипендияҳо аз 1 сентябри соли равон, ки дар паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр шуда буд,

ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.

Дар 

паёми худ ба парлумон

 аз 23 январи соли равон президенти мамлакат

 изҳор дошта буд

, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори ахир моҳи сентябри соли 2013 ҳаҷми маошу нафақа ва кумакпуливу стипендияҳо зиёд шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.