Даргузашти пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи Раҳматовҳо дар СИЗО-и Хуҷанд

ASIA-Plus



Дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Раҳматов, яке аз аъзои оилаи Раҳматовҳо, пешвои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки 10 сол ба содир кардани амалҳои террористӣ дар вилояти Суғд машғул буд, аз олам даргузашт.

Аз прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Муҳиддин Раҳматови 49-сола шоми рӯзи 7 сентябр бар асари сактаи қалбӣ (инфаркт) даргузаштааст. Ин далелро навбатдори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд низ тасдиқ намуда, зикр кард, ки дар хулосаи тиббии марги ӯ сабаб сактаи қалбӣ нишон дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хешону наздикони М.Раҳматов ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки аз рӯзи марги ӯ якчанд рӯз гузашта бошад ҳам, аммо бидуни шарҳи сабаб ҷасадро ба онҳо надодаанд. «Гузашта аз ин, ба мо гуфтанд, ки кормандони тавқифгоҳ худашон ӯро гӯру чӯб мекунанд», – иброз доштанд онҳо.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ин ҳодиса алҳол огаҳӣ надоранд ва аз ин рӯ, ба саволи чаро ба наздиконаш дода нашудани ҷасад посух дода наметавонанд.

Муҳиддин Раҳматов яке аз гумонбарони қатли 5 узви хонаводаи Бобоевҳо, аз ҷумла 3 нафар ноболиғон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дониста мешуд.

Ёдрас мекунем, ки 13 августи соли равон сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назарзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешае, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон дар қаламрави вилояти Суғд ҷиноятҳои вазнин содир кардааст, ошкор гардид.

Зимни брифинг дар робита ба боздошти гумонбарон ба қатли оилаи Бобоевҳо ва як силсила ҳамлаҳои ғоратгарона ва дуздиву куштор генерал изҳор намуда буд, ки тайи 10 соли ахир гурӯҳи номаълуми муташаккили ҷиноятпеша дар шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ба чунин амалҳо машғул буд.

«Аз ин амалҳои онҳо натанҳо аҳолии шаҳру навоҳии дар боло зикршуда, балки сокинони тамоми вилоят ба ҳарос афтода буданд. Ин вазъ боиси овозаҳои зиёд шуда, мавриди нигаронии ҷиддии раҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифт, – гуфта буд Назарзода. – Бо мақсади боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани ин ҷинояткорон бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро таҳти роҳбарии ман гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил шуда, дар натиҷаи тадбирҳои фаврии ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ин гурӯҳро ошкор ва аъзои онро боздошт намуданд».

Ба гуфтаи ӯ, давоми ин муддат гурӯҳ як қатор ҷиноятҳои вазнин содир намуда, 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои соҳибкоронро ғорат кардааст.

Узви ин гурӯҳ асосан аъзои як оила, сокинони шаҳри Хуҷанд бародарон Раҳматовҳо ва се писари ӯ буданд.

Қобили зикр аст, ки 

шаби рӯзи 2 июни соли 2013

 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расонида буданд.  

Ин ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола, Суҳробҷон Бобоеви 15-сола ва Санҷарбек Бобоеви 6-соларо ба қатл расонида буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...