Генерали фирорӣ зинда ва дар иҳотаи кормандони мақомоти қудратӣ аст

Собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, ки таҳти раҳбарии ӯ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ ба дастгоҳи Вазорати мудофиаи ва Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳамла сурат гирифт, зинда аст. Дар ин бора рӯзи якшанбе хабаргузории ТАСС бо истинод ба сарчашмаи огаҳ аз ҷараёни амалиёт иттилоъ дод. Баъдан ҳамин рӯз котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим […]

ASIA-Plus



Собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, ки таҳти раҳбарии ӯ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ ба дастгоҳи Вазорати мудофиаи ва Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳамла сурат гирифт, зинда аст. Дар ин бора рӯзи якшанбе хабаргузории ТАСС бо истинод ба сарчашмаи огаҳ аз ҷараёни амалиёт иттилоъ дод.

Баъдан ҳамин рӯз котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ба РИА «Новости» хабар дод, ки генерал Назарзода зинда буда, бо ҳаммаслакони худ дар иҳотаи кормандони мақомоти қудратӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан як манбаъи огаҳ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки генерал Назарзода кушта шудааст. Муддати ду рӯз ин маълумотро расман касе инкор накард ва ғайр аз ин, мақомоти аз посух ба савол дар бораи кушта шудани Назарзода худдорӣ карданд.

Бино ба маълумоти мавҷуда, аз оғози амалиёти махсус, ки муддати 10 шабонарӯз идома дорад, беш аз 100 нафар аъзои гурӯҳи Назарзода боздошт ва ҳудуди 30 нафарашон кушта шудаанд. Ҳамчунин 9 нафар кормнадони мақомоти интизомии Тоҷикистон низ дар рафти ин амалиёт ҳалок шудаанд. Амалиёти мазкур дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узвии СААД, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе доир мегардад, ҷараён дорад.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон генерал Назарзода ва ҷонибдорони ӯро дар содир намудани ҷиноятҳои хиёнат ба ватан, терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам медонад. Рӯзи 4 сентябр генерал Назарзода «бинобар сабаби содир намудани ҷиноят» аз вазифааш озод карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд