Ифтитоҳи маркази тиббиву ташхис дар Душанбе бо мусоидати хадамоти Оғо Хон

Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар пойтахти Тоҷикистон маркази тиббӣ ва ташхис кушоданд. Аз Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маросими ифтитоҳи маркази тиббиву ташхис дар шаҳри Душанбе муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар пойтахти Тоҷикистон маркази тиббӣ ва ташхис кушоданд.

Аз Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар маросими ифтитоҳи маркази тиббиву ташхис дар шаҳри Душанбе муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи дипломатӣ дар ҷумҳурӣ Акбар Алӣ Песнани, директори минтақавии Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ Фотима Моҳбат Алӣ, директори иҷроияи ин хадамот дар Тоҷикистон Маҳбат Баҳромов ва ҳамчунин намояндагони миссияҳои дипломатӣ ва байнулмилалӣ ширкат доштанд.

Дар ин маросим Акбар Алӣ Песнани меҳмононро хайра мақдам гуфта, пурмаҳсул будани ҳамкорӣ миёни Агентии Бунёди Оғо Хон оид ба рушд ва Тоҷикистонро таъкид дошт ва барои дастгириву мусоидат дар бақайдгирии саривақтии маркази тиббии Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Душанбе ба раҳбарият Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ миннатдорӣ изҳор кард.

Песнани қайд кард, ки «ин маркази нав саҳми мо ба роҳандозии ислоҳот дар бахши тандурустии Тоҷикистон аст, ки ба беҳтар шудани дастрасӣ, сифат, самаранокии хизматгузориҳои хушсифати ташхисӣ барои аҳолии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои гирду арофи он нигаронида шудааст».  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.