Раҳимзода: Аз дасти ҷинояткорон 2 ҳазор нафар кормандони милиса ҳалок шуданд

ASIA-Plus



Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон, мубориза бо дастаҳои  муташаккили ҷинояткор ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат беш аз 2 ҳазор нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Зимни суханронӣ вазири корҳои дохилӣ аз ҳуҷуми мусаллаҳонаи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ёдовар шуда, қайд кард, ки  бар асари ин ҳамла якчанд нафар кормандони милитсия ҳалок ва захмӣ гардиданд. «Ин амал хиёнат ба давлату миллат, мардуми тараққихоҳи кишвар ва ватани ободу зебо мебошад», – гуфт ӯ ва ба хешону наздикони кормандони милисаи ҳалокшуда изҳори тасаллият кард.

Дар анҷоми чорабинӣ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи президенти мамлакат ба чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ супурд. Бо фармони Президенти кишвар се нафар кормандони милитсия соҳиби рутбаи баланди генералӣ ва 31-нафар бо ордену медалҳо қадршиносӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.