Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13,3% афзуд

Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 7,2 млрд. сомонӣ (беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА тибқи қурби ҳозира) маҳсулот истеҳсол карда шуд.   Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 13,3% зиёдтар […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 7,2 млрд. сомонӣ (беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА тибқи қурби ҳозира) маҳсулот истеҳсол карда шуд.


 

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 13,3% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор «ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои саноати дӯзандагиу бофандагӣ, истеҳсоли пӯст ва маснӯот аз он, истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё,  маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши металлургия ва маснӯоти тайёр аз металл, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд».

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим давоми моҳҳои январ-августи соли 2015 дар 47 номгӯи он (52,2%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 31 номгӯй (34,4%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 12 номгӯи (13,4%) маҳсулот истеҳсол нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми саноати истихроҷ аз ҳисоби истеҳсоли ангиштсанг – 23,9%, ангишти тира – 4,4%, нафт – 1,4%, газ – 1,6 баробар ва маводи ғайримаъданӣ – 27,9% афзудааст.

Ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ беш аз 4,4 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар ин давра ба 1,7 млрд. сомонӣ баробар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.