Тӯли 8 моҳ ба буҷети давлатӣ ҳудуди 400 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд

Давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 9,2 млрд. маблағ ворид шуд, ки аз ҳаҷми пешбинишуда 4% камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ  ба буҷети ҳудуди 400 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст. Гуфта мешавад, моҳи августи соли 2015 ба буҷети кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 9,2 млрд. маблағ ворид шуд, ки аз ҳаҷми пешбинишуда 4% камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ  ба буҷети ҳудуди 400 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Гуфта мешавад, моҳи августи соли 2015 ба буҷети кишвар каме бештар аз 1 млрд. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи июли соли ҷорӣ 300 млн. сомонӣ ва дар муқоиса бо моҳи июни соли равон 670 млн. сомонӣ камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми аз ҳама камтарини даромад ба Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон моҳи январ (909 млн. сомонӣ) ва аз ҳама бештар – моҳи июн (1 млрд. 670 млн. сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми даромад ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 8,2 млрд. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод. Хароҷоти буҷет дар ин давра ба беш аз 7,6 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 10% бештар аст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.