Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар чанде аз васоити ахбори умуми шабакаи Интернет таҳти унвони «Шаҳрванди Қирғизистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шуд» маълумот интишор шуда. дар онҳо зикр мегардад, ки дар ин маврид гӯё марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ рафтор кардаанд. Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳодисаҳои дар мақолаҳо зикршуда асоси воқеъӣ надоранд. Дар вокуниши матбуоти […]

ASIA-Plus



Дар чанде аз васоити ахбори умуми шабакаи Интернет таҳти унвони «Шаҳрванди Қирғизистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шуд» маълумот интишор шуда. дар онҳо зикр мегардад, ки дар ин маврид гӯё марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ рафтор кардаанд.

Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳодисаҳои дар мақолаҳо зикршуда асоси воқеъӣ надоранд.

Дар вокуниши матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита гуфта мешавад:

«Бо маслиҳати пешакӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистони минтақаи “Овчиқалъача” 11 сентябри соли равон соати 19:30 дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадӣ   аз тарафи наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат аз самти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тахминан ба 50-100 метр ғайриқонунӣ 2 адад автомашинаи «Дулан»-и бензовоз ворид мешаванд, ки ба амри сарбозон «ИСТ!» мошини якум итоат накарда, мехост сарҳадбонони тоҷикро пахш кунад, лекин тахминан 200 метр дуртар боздошт карда шуда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳову дохили мошин оғоз мекунанд.

Ронандаи мошини дуюм – шаҳрванди Қирғизистон – ҳангоми боздошт ба сарҳадбонони тоҷик зиддият ва муқовимат нишон дода, кӯшиши ба даст овардани яроқро мекунад. Сарбози дигар як тир ба ҳаво холӣ мекунад, ки пас аз ин ронанда мехоҳад бо автомашинааш ба самти Ҷумҳурии Қирғизистон гурезад, аз тарафи наряди сарҳадӣ як тири дигар зада, ронандаро аз пояш захмдор мекунад, ки ҷароҳат на он қадар вазнин мебошад.

Аз тарафи шахсони номаълум мошини дуюм бо ҳарду ронанда ба Ҷумҳурии Қирғизистон гурезонида шудаанд, мошини якум тақрибан бо 50 тонна маводи сӯзишворӣ бо тартиби ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи лозима ба вазоратҳои дахлдор ва як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуда, ба шӯбаи ВКД ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуданд.

Ҳамзамон дар вақти рух додани ҳодисаҳои дар боло зикр гардида, сарҳадбонони қирғиз аз рафти ин муноқишаҳо тамошо карда истода, оиди ғайриқонунӣ вайрон намудани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ягон чораҷӯӣ намекунанд.

Рӯзи 12 сентябри соли равон соати 08:00 дар ҷои ҳодиса оиди ҳалли ин масъала вохӯрии намояндагони сарҳадӣ гузаронида шуд, аз тарафи сарҳадбонони қирғиз оиди нодуруст рафтор намудани сарҳадбони тоҷик ягон намуд далел пешниҳод нашудааст ва айни замон тафтишот идома дорад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.