Хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳо пурра барқарор шуд

Шурӯъ аз имрӯз ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон фаъолияти хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳоро пурра барқарор намуданд. Қаблан ин ширкатҳо смс-паёмакҳои дорои хусусияти техникӣ, аз ҷумла смс-паёмак дар бораи пур кардани тавозун, оид ба занги посухнадода ва ғайраро барқарор карда буданд. Пас аз оғози амалиёти махсус дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи генерали […]

Меҳрангез Турсунзода



Шурӯъ аз имрӯз ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон фаъолияти хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳоро пурра барқарор намуданд. Қаблан ин ширкатҳо смс-паёмакҳои дорои хусусияти техникӣ, аз ҷумла смс-паёмак дар бораи пур кардани тавозун, оид ба занги посухнадода ва ғайраро барқарор карда буданд.

Пас аз оғози амалиёти махсус дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода, нимаи дуюми рӯзи 6 сентябр ширкатҳои алоқаи мобилӣ хизматгузории ирсоли смс-паёмакҳо барои тамоми муштариёнро қатъ намуда буданд. Дирӯз, 16 сентябр амалиёти безарар гардонидани ин гурӯҳ ба итмом расид.

Ширкатҳои мобилӣ он замон ин амалро ба мушкилоти техникӣ нисбат дода буданд. Қобили зикр аст, ки ширкатҳои мобилӣ 10 октябри соли гузашта, замоне, ки дар ҷумҳурӣ дар бораи имкони баргузории гирдиҳамойии эътирозӣ дар Душанбе овозаҳо паҳн шуда буданд, низ ба ин амал даст зада буданд ва ҳамон рӯз баъди тасдиқ нашудани овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ, дастрасӣ ба ин хизматгузорӣ барқарор шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.