Тасдиқи лоиҳаҳои муштараки кишварҳои узви СҲШ ба маблағи 100 млрд. $

Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳудуди 100 лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ барои давраи 5 соли минбаъдаро тасдиқ намуданд, ки маблағи умумии онҳо 100 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ, дар машварати навбатии вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмон, ки рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Сиани […]

ASIA-Plus



Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳудуди 100 лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ барои давраи 5 соли минбаъдаро тасдиқ намуданд, ки маблағи умумии онҳо 100 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ, дар машварати навбатии вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмон, ки рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Сиани Чин доир гардид, нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар давраи солҳои 2017-2021 дар 10 бахш тасдиқ гардид.

Гуфта мешавад, дар ин росто гурӯҳи корӣ оид ба озодсозии савдо ва платформа барои тавсеъаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар бахши тиҷорати электронӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд ва робитаҳо дар соҳаи бахши сармоягузорӣ густариш дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ кард.

Қаблан раиси Ҷумҳурии Мардумии Ҷин Си Ҷинпин изҳор дошта буд, ки кишвараш ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои узви СҲШ ҳудуди 4 ҳазор километр хатҳои роҳи оҳан ва 10 ҳазор километр роҳҳои автомобилгард сохта, ба таъсис ва пешрафти зербинои ягонаи нақлиётӣ дар минтақа мусоидат кунад.

Дар ин ҳошия вазирон дар бораи суръатбахшӣ ба амалисозии лоиҳаҳои аллакай мавҷуда ва роҳандозии қисматҳои минтақавии тадорукотӣ (логистикӣ) ва бандарҳои баҳрӣ ба мувофиқа расиданд.

Иштирокдорони машварат изҳор намуданд, ки барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, воситаҳои қарзии Чин, захираҳои Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ, Фонди Роҳи Абрешим ва Фонди ҳамкории иқтисодии Чин-Авруосиёро пурра истифода карданианд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши муомилоти иваз намудани як асъор ба асъори дигар (своп) бо мақсади пешгирии хавфҳои молиявӣ низ ба созиш расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.