Анҷумани нахустини адвокатҳои Тоҷикистон дар Душанбе

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми ҷумҳуриявии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин чунин маърака буда, барои ташаккулёбии ниҳоди адвокатураи мамлакат қадами нав ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки 18 марти соли 2015 года Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон имзо карда шуд. Қонуни мазкур аз тарафи Парламенти мамлакат дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқии солҳои 2011 – 2015 қабул карда шудааст, ки он 27 марти соли  2015  расман нашр гардида мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи қонуни мазкур дар Анҷумани Якуми (таъсисии) адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ягонаи ҷумҳуриявии адвокатҳои мамлакат – Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Дар Анҷуман инчунин Оинномаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Иштирокчиёни Анҷумани якум 50 вакил мебошанд, ки 10 вакилӣ аз ҳар минтақаи мамлакат интихоб карда шудаанд. Инчунин ба Анҷуман намояндагони ҳарду палатаҳои Парламенти мамлакат, намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, вазири адлия, прокурори генералӣ, раисони Суди Конститутсионӣ  ва Суди Олӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва сафоратҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда таклиф карда шудаанд.

Анҷумани мазкур бо дастгирии Институти ҳуқуқҳои инсони Ассотсиатсияи Байналхалқии ҳуқуқшиносон ва Бахши Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс» қаблан

дар ин робита изҳор намуда буд

, ки таъсиси чунин иттиҳодияе дар нақша аст, ки тамоми адвокатҳои кишвар, сарфи назар аз узви ин ё он коллегияи адвокатҳо будани онҳо, аъзои он шуда тавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.