Дар шарқи ҷумҳурӣ муллои 63-сола захмӣ шуд

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ шахсони номаълум сӯи муллои 63-сола Озодбек Асматбеков тир кушодаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Рӯзи 17 сентябр Озодбек Асматбеков бо се захм аз тир ба бемористони ноҳия интиқол гардида, ҷарроҳӣ шудааст.

«Ҳозир табибон ба назди ӯ даромаданро иҷозат намедиҳанд, то ки мо аз ӯ нишондод гирем, аммо дар роҳ ба бемористон Асматбеков баҳуш буда, гуфтааст, соатҳои 10-и шаб ба боғ, ки гирдаш панҷара надорад, баромада, наздаш се мард омадаанд ва гӯгирд пурсидаанд. Ҳангоме ки ӯ гӯгирдро ба онҳо дароз карданӣ шудааст, яке аз мардҳо ба тирпарронӣ оғоз кардааст. Ӯ ҳеҷ касе аз онҳоро нашинохтааст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон вазъи солимии Асматбеков қаноатбахш буда, ба ҳаёти ӯ ҳеҷ хавфе таҳдид намекунад. «Баъди иҷоза додани табибон мо бо ӯ дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи шаби 17 сентябр муфассалтар суҳбат мекунем», – иброз дошт манбаъ.

Ӯ ҳамчунин халиф будани Озодбек Асматбековро рад намуд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Асматбековро ҳама ҷодугар меноманд ва ӯ кайҳост, ки ба сеҳру ҷодуву тӯмордиҳӣ машғул будааст.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз рӯи ин ҳодиса санҷиш ҷараён дошта, мақсади ҳамлаи афроди ношинос маълум нест ва касе ҳам то ҳол гумонбар дониста нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.