Visa International иштирокчии низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон мешавад

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби Президенти ширкати байналхалқии Visa International Service Association Майкл Доннелли Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин баъд амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.

«То ин вақт дорандагони кортҳои пардохтии Visa International ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Зеро дар натиҷаи анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ байни муомилоти ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷомдодашуда, ба муштариён як андоза зарари молиявӣ ба миён меовард. Ин дар навбати худ, метавонад ба боварии аҳолӣ нисбати воситаҳои муосири пардохт ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонад. Аз рӯи нақшаи тарҳрезишуда ин мушкилот то охири сол ҳалли худро меёбад», – шарҳ медиҳад БМТ.

Гуфта мешавад, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои тибқи созишнома пешбинишуда, БМТ лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии Visa International – TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шуруъ намуда, айни замон марҳилаи аввали татбиқ намудани лоиҳаи мазкур аллакай оғоз гардидааст.

«Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд», – таъкид месозанд дар БМТ.

Зимнан қайд мешавад, ки минбаъд Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".