Шаҳри Қундуз дар ихтиёри Толибон қарор гирифт

Дар натиҷаи даргириҳои чандинсоата шоми рӯзи 28 сентябр қисмати зиёди шаҳри Қундуз – маркази маъмурии музофоти шимоли Афғонистон дар ихтиёри ҷангиёни ҳаракати Толибон қарор гирифт. Ҷангиёни ҳаракат дар нуқтаи асосии шаҳр, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар дар он зиндагӣ мекунанд, парчами худро барафрохтаанд. Бино ба маълумоти хабаргузории Reuters , даҳҳо воҳидҳои махсуси артиши Афғонистон ба […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи даргириҳои чандинсоата шоми рӯзи 28 сентябр қисмати зиёди шаҳри Қундуз – маркази маъмурии музофоти шимоли Афғонистон дар ихтиёри ҷангиёни ҳаракати Толибон қарор гирифт. Ҷангиёни ҳаракат дар нуқтаи асосии шаҳр, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар дар он зиндагӣ мекунанд, парчами худро барафрохтаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории

Reuters

, даҳҳо воҳидҳои махсуси артиши Афғонистон ба фурудгоҳи шаҳри Қундуз сафарбар шуда, дар он ҷо барои ҳамлаи ҷавобӣ ҷиҳати таҳти назорати худ гирифтани шахр омодагӣ мегиранд.

Намояндагони Толибон изҳор доштаанд, ки онҳо бинои асосии маъмурияти шаҳрро тасарруф намуда, нияти ҳамла ба фурудгоҳро доранд, ки чанде аз намояндагони ҳукумат ба он ҷо фирор кардаанд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар шабакаи иҷтимоии Твиттер хабар додааст, ки «бо тасарруфи бинои мақомоти пулис ва дафтари кории раиси музофот дар Қундуз, назорати тамоми вилоят ба дасти мо гузашта, ҷангиёни мо ба фурудгоҳ равонаанд».

Дар ҳамин ҳол, Ҳамдулло Донишӣ, муовини раиси вилояти Қундуз тариқи телефон ба Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ додааст, ки дар маркази шаҳр задухӯрдҳои шадид идома доранд ва шаҳр ба ду қисмат ҷудо гардида, ба макони амалиёти ҷангӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории  Associated Press бо истинод ба ҳукумати Афғонистон менависад, ҷангиёни ҳаракати «Толибон» шаҳри Қундузро пурра таҳти тасарруфи худ қарор додаанд.

Намояндаи ВКД Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ ба

Интерфакс

дар ин робита иттилоъ додааст, ки «шаҳри Қундуз ба дасти Толибон гузашт».

Қаблан дар ин маврид

иттилоъ дода будем

, ки дар шаҳри Қундуз, воқеъ дар қисмати шимолии Афғонистон артиши ин кишвар бо бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар набард аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.