Cе писари генерал Назарзода аз боздошт раҳо шуданд

Се писари генерали кушташуда Абдуҳалим Назарзода чанд рӯз қабл бо шарти тарк накардани маҳалли зист аз боздошт раҳо шуданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои Фарҳод Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода писарони генерал Иброҳим, Бахтиёр ва Муҳаммад бо шарти тарк накардани қаламрави шахри Душанбе то анҷоми тафтишот оид ба қазияи падарашон аз боздоштгоҳ […]

Радиои Озодӣ



Се писари генерали кушташуда Абдуҳалим Назарзода чанд рӯз қабл бо шарти тарк накардани маҳалли зист аз боздошт раҳо шуданд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

бо такя ба гуфтаҳои Фарҳод Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода писарони генерал Иброҳим, Бахтиёр ва Муҳаммад бо шарти тарк накардани қаламрави шахри Душанбе то анҷоми тафтишот оид ба қазияи падарашон аз боздоштгоҳ озод шудаанд.

Қаблан, бархе аз расонаҳо хабари марги Иброҳим Назаров, писари 23 солаи Абдуҳалим Назарзода, донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нашр карда буданд, вале Фарҳод Назаров мегӯяд, ин хабар воқеият надорад, зеро ду рӯз пеш ӯ бо писарамакаш сӯҳбат карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, фарзандони генерал хоҳиши суҳбат бо матбуотро надоранд. Фарҳод гуфтааст, падари ӯ – Мирзокарим, бародари бузурги Абдуҳалим Назарзода ва ду тан аз амаки дигараш бо номи Абдураҳим ва Мирзоҳаёт ҳангоми музокирот миёни нерӯҳои ҳукумати ва гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд, ки барои моил кардани гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ромит бурда шуда буданд.

«Падарам ва се амакамро ба хок супоридем. Насибу тақдир ҳамин будааст. Падари ман ба он гурӯҳ ҳеҷ алоқамандӣ надошт. Намояндагони мақомот ҳам инро гуфтанд, ки падари ту ҳеҷ гуноҳ надошт, вале ҳангоми музокирот аз самти муқобил тирборон шуд ва онҳо кушта шуданд. Ҳар нафареро, ки аз мо барои пурсиш бурда буданд ва гуноҳ надоштанд, озод карданд. Мо касеро дар марги онҳо гунаҳкор карданӣ нестем ва ҳар чӣ шуд, аз тақдир ва кори Худованд медонем», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Фарҳод, модаркалонаш танҳо аз марги як амакаш – Абдураҳим бохабар аст ва то ҳанӯз аз кушта шудани Ҳоҷӣ Ҳалим ва се писари дигараш хабар надорад. «Мо то ҳол марги онҳоро барояш нагуфтаем. Ӯ марги як амакамро шунида, фишораш хеле баланд аст ва агар хабари кушта шудани дигаронро шунавад, ӯро аз даст медиҳем»,- гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, модари Абдуҳалим Назарзода 78-сола буда, дар хонаи писари калониаш Мирзокарим зиндагӣ мекардааст. Дар оилаи Абдуҳалим Назаров ба ҷуз худи ӯ боз 7 бародару 2 хоҳар низ ҳастанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.