Манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон

Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишвар дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Тибқи қарори суд, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» интишор шудааст, минбаъд дар Тоҷикистон нашри рӯзномаи «Наҷот», фаъолияти вебсайти интернетии хизби номбурда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва […]

ASIA-Plus



Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишвар дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Тибқи қарори суд, ки дар

сомонаи АМИТ «Ховар»

интишор шудааст, минбаъд дар Тоҷикистон нашри рӯзномаи «Наҷот», фаъолияти вебсайти интернетии хизби номбурда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои марбут ба фаъолияти ин ҳизб қатъ карда мешавад.

Дар даъвои прокурори генералӣ гуфта мешавад, «тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд».

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш  аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.