Донишомӯзии 360 корманди соҳаи тандурустӣ оид ба пешниҳоди иттилоот

Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дарсҳои омӯзиширо оид ба “Сифати иттилоот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда” дар сатҳи чумҳурӣ барои 360 кормандони тиббии зинаи нахуст, дуввум ва сеюми муассисаҳои тиббӣ, аз он ҷумла роҳбарон, шахсони қарорбарор ва […]

Иттилоияи расмӣ



Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дарсҳои омӯзиширо оид ба “Сифати иттилоот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда” дар сатҳи чумҳурӣ барои 360 кормандони тиббии зинаи нахуст, дуввум ва сеюми муассисаҳои тиббӣ, аз он ҷумла роҳбарон, шахсони қарорбарор ва кормандони омори тиббӣ гузаронид.

Дарсҳои омӯзишӣ бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои июл-сентябр гузаронида шудаанд.

Мустаҳкамкунии системаи идоракунии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи он аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ ҳадафи асосии лоиҳа мебошад.

Системаи DHIS2 барои ворид, таҳлил ва тартиб додани ҳисоботҳо пурра мувофиқа карда шудааст. Он аз санҷиш гузашта аз 1 январи соли 2015 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар реҷаи онлайн ба роҳ монда шудааст. Ҳисоботҳои омории тандурустӣ барои соли 2014 бо истифодаи системаи иттиллоотии DHIS2 бомуваффақият баррасӣ карда шуданд. Сабтҳои асноди шаҳрвандие, ки дар соли 2015 ба қайд гирифта шудаанд, дар идораҳои сабти асноди шаҳрвандӣ бо реҷаи онлайн ворид карда шудаанд.

“Ҳадафи асосии системаи иттиллоотии HMIS (Системаи идораи иттилоотии тандурустӣ) ин баррасӣ кардани маълумоти дақиқу саҳеҳ ва дар асоси маълумоти исботшуда баровардани қарорҳои зарурии дахолатҳои системаи тандурустӣ мебошад. Сифати иттиллоот, истифодаи иттиллоот ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда ин се қисмҳои асоситарини амаликунони бомуваффақияти HMIS мебошад. Бори нахуст, дар Тоҷикистон, роҳбарон, шахсони қарорбарор ва кормандони омори тиббӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Сифати иттиллот, истифодабарӣ ва қарорбарорӣ дар асоси маълумоти исботшуда” бомуваффақият омӯзонида шуданд ва иштирокчиён шавқи баланди худро нишон доданд. Инчунин нақша гирифтем, ки барномаи ин дарсҳои омӯзиширо бо барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бипайвандем” – қайд намуд ҷаноби Салоҳиддин Миралиев, роҳбари бахши тандурустии ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо буҷаи 3,4 миллион евро, системаи электронии ҳисоботиро дар сатҳи миллӣ татбиқ гардонида истодааст. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо консорсиуми ширкатҳои EPOS Health Management (Олмон), ICON-Institute Public Sector (Олмон) бо иштироки Донишгоҳи шаҳри Осло (Норвегия) ва ширкати IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ мегардад. Лоиҳа то моҳи майи соли 2016 татбиқ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.