Корҳои журналисти аксбардори «Азия-Плюс» дар рӯйхати аксҳои беҳтарини «Reuters»



Нашрияи Thomson Reuters фотоалбоми нави «Reuters photos XXI century»-ро ба чоп расонид, ки дар он се кори журналисти аксабардори маъруфи тоҷик Нозим Қаландаров низ ҷой дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ин албом аксҳои беҳтарини Рейтер дарҷ ёфтаанд, ки тайи 15 соли ахир дар қаламрави собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аксбардорӣ шудаанд.

Ба ин албом аксҳои бардоштаи Нозим Қаландаров – «Корманди боғи ҳайвонот Зуҳро ҳангоми сайругашт бо шер Вадик» (январи соли 2011), «Қувваозмоии мардон дар мусобиқаи бузкашӣ» (марти соли 2011) ва «Издиҳоми мардум дар назди нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе» (марти соли 2015) шомил гардидаанд.


Нозим Қаландаров

моҳи июни соли 1971 дар Душанбе ба дунё омада, аз соли 2000-ум ба фаъолияти касбии журналисти аксбардор дар газетаи «Азия-Плюс» ба кор шурӯъ намуд. Баъдан бо чанде аз агентиҳои аксбрдории маъруфи ҷаҳон чун «Reuters», «AFP», «AP» ҳамкорӣ кардааст.

Собиқаи кории имрӯзаи Н.Қаландаров дар индустрияи аксбардорӣ 15 сол аст. Дорандаи якчанд ҷоизахои байнулмилалӣ дар ин соҳа аст. Аксҳои бардоштаи Нозим Қаландаров мудом ба номинатсияҳои «Беҳтарин аксҳои сол» ва «Беҳтарин аксҳои рӯз»-и хабаргузориҳои ҷаҳон шомил мегарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

spot_imgspot_img

Популярное