Корҳои журналисти аксбардори «Азия-Плюс» дар рӯйхати аксҳои беҳтарини «Reuters»

Нашрияи Thomson Reuters фотоалбоми нави «Reuters photos XXI century»-ро ба чоп расонид, ки дар он се кори журналисти аксабардори маъруфи тоҷик Нозим Қаландаров низ ҷой дода шудааст. Қобили зикр аст, ки дар ин албом аксҳои беҳтарини Рейтер дарҷ ёфтаанд, ки тайи 15 соли ахир дар қаламрави собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аксбардорӣ шудаанд. Ба ин албом аксҳои […]

ASIA-Plus



Нашрияи Thomson Reuters фотоалбоми нави «Reuters photos XXI century»-ро ба чоп расонид, ки дар он се кори журналисти аксабардори маъруфи тоҷик Нозим Қаландаров низ ҷой дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ин албом аксҳои беҳтарини Рейтер дарҷ ёфтаанд, ки тайи 15 соли ахир дар қаламрави собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аксбардорӣ шудаанд.

Ба ин албом аксҳои бардоштаи Нозим Қаландаров – «Корманди боғи ҳайвонот Зуҳро ҳангоми сайругашт бо шер Вадик» (январи соли 2011), «Қувваозмоии мардон дар мусобиқаи бузкашӣ» (марти соли 2011) ва «Издиҳоми мардум дар назди нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе» (марти соли 2015) шомил гардидаанд.


Нозим Қаландаров

моҳи июни соли 1971 дар Душанбе ба дунё омада, аз соли 2000-ум ба фаъолияти касбии журналисти аксбардор дар газетаи «Азия-Плюс» ба кор шурӯъ намуд. Баъдан бо чанде аз агентиҳои аксбрдории маъруфи ҷаҳон чун «Reuters», «AFP», «AP» ҳамкорӣ кардааст.

Собиқаи кории имрӯзаи Н.Қаландаров дар индустрияи аксбардорӣ 15 сол аст. Дорандаи якчанд ҷоизахои байнулмилалӣ дар ин соҳа аст. Аксҳои бардоштаи Нозим Қаландаров мудом ба номинатсияҳои «Беҳтарин аксҳои сол» ва «Беҳтарин аксҳои рӯз»-и хабаргузориҳои ҷаҳон шомил мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.