Президенти TeliaSonera Eurasia ба Тоҷикистон ташриф овард

Ҳайати ширкати TeliaSonera таҳти раҳбарии президенти TeliaSonera Eurasia Эрик Халлберг рӯзи 1 октябр бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар Душанбе намояндагони ширкат бо раҳбарияи ширкати фаръӣ дар Тоҷикистон – Tcell ва журналистон вохӯриҳо гузарониданд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон Эрик Халлберг бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Хидает Бишчевич низ […]

Иттилоияи расмӣ



Ҳайати ширкати TeliaSonera таҳти раҳбарии президенти TeliaSonera Eurasia Эрик Халлберг рӯзи 1 октябр бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Дар Душанбе намояндагони ширкат бо раҳбарияи ширкати фаръӣ дар Тоҷикистон – Tcell ва журналистон вохӯриҳо гузарониданд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Тоҷикистон Эрик Халлберг бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Хидает Бишчевич низ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот мушкилоти макроиқтисодии минтақа, вазъи иқтисод дар Тоҷикистон, шароити мухити сармоягузорӣ ва мушкилоти марбут ба андозбандӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади ҷалби сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон беҳбуди ҷараёни танзим аз ҷониби давлат, андозбандӣ ва ҳалли мушкилот дар дигар бахшҳо зарур буда, ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои байнулмилалӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон баҳри он амалӣ месозад, то ки ба ислоҳот дар иқтисод тавассути ёрии пулӣ ва машварат кумак карда, раванди пешрафтро ҷиддӣ пайгирӣ менамояд.

TeliaSonera – яке аз ширкатҳои бузургтарин дар бозори ҷаҳонии хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ аст. Ширкат моҳи декбари соли 2012 дар натиҷаи ҳамроҳкунии ширкати Sonera-и Финландия бо Telia-и Шветсия таъсис дода шуда, дар Шветсия, Финландия, Норвегия, Дания, кишварҳои Балтика, Озарбойҷон, Русия, Молдова ва дигар кишварҳои узви ИДМ фаъолият дорад.

Дар Тоҷикистон TeliaSonera аз моҳи марти соли 2010 ба фаъолият пардохта, ба ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (нишони молӣ Tcell) маблағгузорӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.