Семинар оид ба таҳсили фарогир дар Душанбе

Бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Точикистон аз 7 то 9-уми октябри соли 2015 дар шахри Душанбе семинар оид ба таҳсилоти фарогир барои донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии омӯзгорон ва коргарони маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад. Мақсади асосии семинар мусоидат ба институсионализацияи барномҳои  таҳсилоти  фарогир дар системаи такмили ихтисоси […]

Иттилоияи расмӣ



Бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Точикистон аз 7 то 9-уми октябри соли 2015 дар шахри Душанбе семинар оид ба таҳсилоти фарогир барои донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии омӯзгорон ва коргарони маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мақсади асосии семинар мусоидат ба институсионализацияи барномҳои  таҳсилоти  фарогир дар системаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар Тоҷикистон буда, дар чорабинӣ ба масъалаҳои тамоюлҳои муосир дар рушди таҳсилоти фарогир, барномаи таълимии инфиродӣ ҳамчун механизми таъмини дастрасии маълумот ба кӯдакон бо ниёзҳои махсус, таълими муштарак ва рушди касбии омӯзгорон дар таъмини сифати  таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Иштирокчиёни семинар аз омӯзгорон ва мутахассисони системаи такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии коргарони маориф ва макотибҳои олӣ иборатанд.

Машғулиятҳо аз ҷониби коршинос/тренер – Наталья Софий, директори хазинаи украинии «Қадам бо қадам», директори маркази илмӣ-методии маълумоти фарогири донишгоҳи Киев ба номи Б. Гринченко гузаронида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.