Гуфтушуниди судманди Э.Раҳмон ва В.Путин оид ба тақвияти ҳамкориҳои низомиву техникӣ

Шоми рӯзи 6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуда, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуда, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо Владимир Путин изҳор дошт: «Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад».

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт, ки «авзои зуд тағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад».

Дар робита ба ин ҳолат, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои саҳл намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия табодули назар карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.