Дар чаҳорчӯби 9-мин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рен баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тақвияти дипломатияи мардумии ду кишвар изҳор намуданд.



