Тағйирот ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

Дар рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки пагоҳ дар Душанбе доир мегардад, баррасии масъалаи ворид намудани тасҳеҳот ба қонунҳо ««Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи […]

Аваз Юлдошев



Дар рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки пагоҳ дар Душанбе доир мегардад, баррасии масъалаи ворид намудани тасҳеҳот ба қонунҳо ««Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, ҳамчунин вакилон масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», тағйироту илова ба Кодекси андоз ва Кодекси иҷрои ҷазхи ҷиноятии Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015» озод кардани воридоти 90 номгӯи таҷҳизот ва техникаи тиббӣ барои Маркази тиббии «Пойтахт-90» пешбинӣ шудааст.

Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар лоиҳаи тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» пешбинӣ шудааст, ки унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» ба унвони фахрии «Арбоби шоистаи Тоҷикистон» баробар карда шуда, дорандагони ин унвонҳо аз имтиёзҳои ягона бархурдор мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.