Намоишгоҳи байнулмилалии Agrofood-2015 дар Душанбе

Рӯзҳои 14-16 октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва борбандии Agrofood-2015  баргузор мешавад, ки аз ҷониби Expo Central Asia ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) созмон дода мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ПСС Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ фароҳам овардани […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 14-16 октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва борбандии Agrofood-2015  баргузор мешавад, ки аз ҷониби Expo Central Asia ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) созмон дода мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ПСС Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ фароҳам овардани имконоти нави фурӯш, дарёфти шарикони нав ва ба бозор роҳ ёфтани маҳсулоту хизматгузориҳои нав аст.

Дар намоишгоҳ пешниҳоди техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ, тухмиву ниҳолҳо, технологияҳои обёрӣ ва ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти боғдориву гулпарварӣ дар назар аст.

Ҳамчунин маҳсулоти шириву гӯштӣ ва моҳӣ, сабзавоту мева ва консерваҳо, маснӯотӣ нонӣ ва қаннодӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва таҷҳизоти касбӣ барои ошхонаҳо низ ба маърази тамошову фурӯш гузошта мешавад.

Ғайр аз ин, тамошогарони намоишгоҳ метавонанд бо таҷҳизоту технологияҳои коркарди маводи ғизойӣ, борбандӣ ва таҷҳизоти он, ҳамчунин таҷҳизот барои коркарди шир аз наздик ошно гарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.