Чин дар Рашт бо иқтидори 350 МВт Маркази барқу гармидиҳӣ месозад

Ширкати NORINCO International Cooperation  Ltd-и Чин сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) дар ноҳияи Раштро дар нақша дорад. Дар доираи кори форуми байнулмилалии соҳибкорон «Душанбе-2015», ки рӯзи 14 октябр доир мегардад, ин ширкати Чин бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ин хусус озишномаи дахлдор ба имзо мерасонад. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати NORINCO International Cooperation  Ltd-и Чин сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) дар ноҳияи Раштро дар нақша дорад.

Дар доираи кори форуми байнулмилалии соҳибкорон «Душанбе-2015», ки рӯзи 14 октябр доир мегардад, ин ширкати Чин бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ин хусус озишномаи дахлдор ба имзо мерасонад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, МБГ дар ноҳияи Рашт аз ду деги энергетикӣ бо иқтидори умумии 350 мегаватт иборат хоҳад буд, ки тибқи ҳисобу китоби энергетикҳо, ба истеҳсоли ҳудуди 8,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз баробар аст.

Дар назар аст, ки ин марказ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода хоҳад кард. Дар бораи ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби ширкати Чин алҳол маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки ширкати Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА)-и Чин дар шаҳри Душанбе ба сохтмони МБГ «Душанбе-2» бо иқтидори 300 МВт машғул аст. Навбати аввали ин иншоот моҳи январи соли 2014 ба истифода дода шуда, бунёди навбати дуюми он баҳори соли равон оғоз ва анҷоми он соли 2017 дар назар аст.

Айни замон дар Тоҷикистон ба ҷуз МБГ «Душанбе-2», танҳо дар Душанбе ва Ёвон боз ду Маркази барқу гармидиҳии дигар мавҷуданд, ки сӯзишвории асосии онҳо гази табиӣ аст. Дар робита ба камбуди гази табиӣ, МБГ Душанбе бо иқтидори нопурра кор карда, МБГ Ёвон тайи солҳои охир умуман фаъолият намекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.