Ҷамъоварии беш аз 40%-и ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 162 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки зиёда аз 40% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, кишоварзон ҳамарӯза беш аз 5,7 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 162 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки зиёда аз 40% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, кишоварзон ҳамарӯза беш аз 5,7 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 140 ҳазор нафар машғули ғунучини ҳосиланд.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар вилояти Хатлон – ҳудуди 118 ҳазор тонна, вилояти Суғд – беш аз 43 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – наздики 1,8 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Дар маълумоти Вазорати кишоварзӣ таъкид мешавад, ки имсол то охири мавсим дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳудуди 399 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Имсол пунбадона дар майдони ҳудуди 180 ҳазор гектар кишт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.