Муштзанҳои тоҷик аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 маҳрум шуданд

Варзишгарони тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Муродҷон Расулов, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар пойтахти Қатар – Доҳа – намояндагӣ карданд, рӯзи 6 октябр дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуданд. Бино ба маълумоти […]

ASIA-Plus



Варзишгарони тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Муродҷон Расулов, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар пойтахти Қатар – Доҳа – намояндагӣ карданд, рӯзи 6 октябр дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳон Қурбонови пуртаҷриба дар рақобатҳо дар вазни 91 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Игор Якубовскии лаҳистонӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Муродҷон Расулов низ бо ҳамин ҳисоб дар аввалин қувваозмоияш аз Самуэл Кармона Ҳередиа мағлуб гашт.

Дар ин сабқати ҷаҳонӣ байни мардон, ки то рӯзи 15 октябр идома хоҳад кард, беш аз 250 варзишгар аз 73 кишвар иштирок доранд. Даври муқаддамотӣ, ки 6 октябр шурӯъ шуд, 9 октябр ба анҷом мерасад. Рӯзи 10 октябр даври чаҳорякниҳоӣ, 11 ва 12 октябр даври ниманиҳоӣ, 14 ва 15 октябр қуввазмоиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд. Дар сабқати ҷаҳонӣ муштзанҳо барои 23 роҳхати олимпӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни мардон аз соли  1974 баргузор мешавад. Ин мусобиқа сар аз соли 1989 солҳои тоқ барпо мегардад. Варзишгарони Куба аз ҳама бештар – 121 медал, аз он ҷумла 67 нишони тилло ба даст овардаанд.

Соли 2013 мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуда буд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон, ки соҳиби чаҳор медали тилло гардидааст, ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, ки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни мардон баъди медали биринҷии Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон, дигар медал ба даст наовардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.