Оғози Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000»

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000» ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, анҷумани мазкур дар мавзӯи «Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор, ки санаи 14 октябр дар кишвар таҷлил мегардад, баргузор мешавад. «Мақсад аз баргузории […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000» ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, анҷумани мазкур дар мавзӯи «Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор, ки санаи 14 октябр дар кишвар таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

«Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад», – омадааст дар хабари Вазорат дар ин робита.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон дар доираи анҷумани мазкур гузаронидани намоиши дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.