Мактаби зодгоҳи Акбаралӣ Сатторов номи ӯро гирифт

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор рӯзи 7 октябр дар бораи ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштани мактаби миёнаи №25-и деҳаи Мортеппа, ки онро ӯ соли 1982 хатм кардааст, якдилона қарор қабул кард. Роҳбари гурӯҳи расонаҳои «Чархи гардун», раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов санаи 28 августи соли 2015 дар синни 51-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. […]

Аваз Юлдошев



Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор рӯзи 7 октябр дар бораи ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштани мактаби миёнаи №25-и деҳаи Мортеппа, ки онро ӯ соли 1982 хатм кардааст, якдилона қарор қабул кард.

Роҳбари гурӯҳи расонаҳои «Чархи гардун», раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов санаи 28 августи соли 2015 дар синни 51-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт.

Ёдрас мекунем, ки ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр пешниҳод намуд, ки маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муроҷиат карда шавад, то ки номи яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи ӯ гузошта шавад. Ҳамчунин дар бораи омода кардан ва дар шаҳр гузоштани нимпайкараи марҳум низ пешниҳодҳо садо дода буданд.

Ғайр аз ин, пешниҳод шуда буд, ки бо маблағгузории васоити ахбори умуми ватанӣ ҷоизаи ҳамасолаи ба номи Акбаралӣ Сатторов таъсис дода шавад. Боз пешниҳод шуд, ки дар рӯзи марги Акбаралӣ Сатторов (28 август) ҳамасола Рӯзи ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.