Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони гурӯҳи «Пешоҳанг»

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» (Авангард)-и кишвар вохӯрӣ баргузор намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни сӯҳбати озоду самимӣ бо намояндагони насли ҷавон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ таҳким бахшидани робитаи […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо як зумра ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» (Авангард)-и кишвар вохӯрӣ баргузор намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни сӯҳбати озоду самимӣ бо намояндагони насли ҷавон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад. Вохӯрии мазкур низ дар заминаи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ равона гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум, бахусус бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористиву экстремистидошта, тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин эҳтиром гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.