ҲДТ ба амалҳои шубҳаноки ҲНИТ дар интихобот шоҳидӣ медиҳад

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) изҳор медорад, ки дар маъракаи интихоботи гузашта ба парлумон шоҳиди амалҳои шубҳаноки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будааст. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябри соли равон, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» бо имзои раиси ҳизб Сайидҷаъфар Исмонов ба нашр расидааст, дар ин робита қайд мешавад, ки […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) изҳор медорад, ки дар маъракаи интихоботи гузашта ба парлумон шоҳиди амалҳои шубҳаноки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будааст.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябри соли равон, ки дар

сомонаи АМИТ «Ховар»

бо имзои раиси ҳизб Сайидҷаъфар Исмонов ба нашр расидааст, дар ин робита қайд мешавад, ки ҲДТ боре шоҳиди як рафтори ношоиста, дақиқтараш шубҳаовари ҲНИТ шуда буд, ки дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Раиси ҲДТ имрӯз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки он замон ӯ аз ин масъала раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро огоҳ карда, аз ӯ пурсидааст, ки ҲНИТ ба Салафия чӣ муносибат дорад, вале саволаш бепосух мондааст.

«Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст», – омадааст дар идомаи изҳорот.

Гуфта мешавад, «ҲДТ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои исломӣ, ки аз ихтилофандозии неруҳои ба ном исломӣ оғоз шуда, ҳазоронро кушта, садҳо ҳазор нафарро бехонумону овора кардааст, иқдомҳои ахири мақомоти интизомӣ ва ҳукумати кишварро чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо медонад».

«Манъи фаъолияти ҲНИТ ҳоло яке аз мавзӯъҳои доғи мамлакати мо мебошад. Дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем», – таъкид мешавад дар изҳороти мазкур.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?