– Нақшаҳои Русия бобати ба фурудгоҳи низомии «Айнӣ» интиқол дода шудани чархболҳои ҷангӣ ё зарбазани худ маънои онро надорад, ки иншооти ҳарбии мазкур барои истифода ба ихтиёри Русия дода шудааст, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар ҳайати иншооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор дошта, имрӯз сари ба истифодаи доимӣ ё ба иҷора додани он ба кишварҳои дигар сухан намеравад», – гуфт манбаъ.
Бино ба гуфти манбаъ, авиатсияи ҳарбии Русия дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба дар доираи СААД ва тибқи мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон метавонад аз ин фурудгоҳ истифода барад, вале ҳуқуқҳои қонунии истифодаи он ба Тоҷикистон таллуқ доранд.
Ёдрас мекунем, ки намояндаи расмии Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия полковник Ярослав Рошупкин рӯзи 7 сентябр
дар ин робита изҳор дошт
, ки Русия ба пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон чархболҳои навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ интиқол медиҳад.
«Гуруҳи авиатсионии ташкилшуда дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, фурудгоҳи Айнӣ, 30 километр дуртар аз Душанбе ҷойгир хоҳад шуд. Ба ҳайати ин гурӯҳ чарболҳои зарбазани Ми-24П ва чархболҳои нақлиётиву ҷангии Ми-8МТВ дохиланд», – гуфт ӯ.
Рошупкин масъалаи мазкурро чунин шарҳ дод, ки ин чархболҳо ба ҳамлу нақли бору маҳсулот, таъмини ҳимояи қатораҳои воҳидҳои низомӣ, партоби десант, гузоштани монеъаҳои минаву таркишот, ба ҷойи бехавф кӯчонидани беморону маҷрӯҳон ва иктишофи муҳандисиву ҳавоии маҳал машғул хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз қаламрави ин кишвар маҳсуб меёбад. Воҳидҳои он дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Пойгоҳ ҳадди ақал то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.



