Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Тайван доир намегардад

Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Тайван, ки рӯзҳои 14-16 октябр дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, доир намегардад. Дар мактуби раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ба унвони иштирокчиёни форум дар ин робита қайд мешавад, ки чорабинӣ бинобар сабаби «ҷой доштани мушкилоти дастрасии намояндагони Тайван ба раводидҳо» мавқуф гузошта мешавад. Ёдрас мекунем, ки аввали даҳаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Тайван, ки рӯзҳои 14-16 октябр дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, доир намегардад.

Дар мактуби раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ба унвони иштирокчиёни форум дар ин робита қайд мешавад, ки чорабинӣ бинобар сабаби «ҷой доштани мушкилоти дастрасии намояндагони Тайван ба раводидҳо» мавқуф гузошта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали даҳаи якуми моҳи сентябр Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон

иттилоъ дода буд

, ки рӯзҳои 14-16 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Тайван баргузор мешавад.

Зикр гардида буд, ки ҳайати Тайванро дар ин форум роҳбари Маркази савдои Тайван (TAITRA) дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) Сун Ҷин Чуан сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.