Баррасии мушкилоти занони соҳибкор дар Душанбе

Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволии давлатии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо намояндагии ташкилоти Оксфам дар ҶТ рӯзи 8 октябр дар шаҳри Душанбе масоили рушди соҳибкорӣ миёни занон барррасӣ шуданд. Дар кори мизи гирд ба ин муносибат сиёсатмадорон, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, занони соҳибкор ва рӯзноманигорон […]

ASIA-Plus



Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволии давлатии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо намояндагии ташкилоти Оксфам дар ҶТ рӯзи 8 октябр дар шаҳри Душанбе масоили рушди соҳибкорӣ миёни занон барррасӣ шуданд.

Дар кори мизи гирд ба ин муносибат сиёсатмадорон, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, занони соҳибкор ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Иштирокдорони чорабинӣ мушкилоти мавҷуда ва роҳу воситаҳои беҳбуди имконоти иқтисодӣ барои занон ва ҳамчунин нақши давлат дар ҳавасмандсозии муносибатҳои шарикона бо онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Иштироки занон бар асоси баробар бо мардон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба беҳбуди самаранокии иқтисодӣ ва рушди кишвар мусоидат намуда, дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши назаррас мегузорад», – қайд кардааст директори намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон Боян Колундзия.

Мизи гирди мазкур яке аз чорабиниҳои омодагӣ дар остонаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории   «Душанбе- 2015» мебошад, ки санаи 14 октябри соли равон доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.