Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои модулиро роҳандозӣ карданианд

Гурӯҳи корхонаҳои «Кубанский модульный дом» ният дорад, ки истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ намояд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои кори Форуми байнулмилалии соҳбкории «Душанбе-2015», ки санаи 14 октябр дар Душанбе доир мегардад, дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо мерасад. Тибки маълумоти хадамоти […]

Пайрав Чоршанбиев



Гурӯҳи корхонаҳои «Кубанский модульный дом» ният дорад, ки истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ намояд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои кори Форуми байнулмилалии соҳбкории «Душанбе-2015», ки санаи 14 октябр дар Душанбе доир мегардад, дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо мерасад.

Тибки маълумоти хадамоти матбуоти Гурӯҳи корхонаҳои «Кубанский модульный дом», чанде қабл намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз кишвари Краснодари Русия боздид намуда, бо технологияи сохтмони «манзили замонавӣ, каммасрафи барқӣ, аз нигоҳи экологӣ тоза, мустаҳкам ва арзон» шинос карда шудаанд.

Муовини сардори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Толиб Аҳмедов зимни мулоқот бо раҳбарияти ин корхона изҳор доштааст, ки дар ин ҷо «индустрияе ташкил шудааст, ки метавонад сохтмони манзили камошёна дар ҳама гуна минтақаҳоро бо суръат ва ҳаҷми зарурӣ таъмин намояд».

«Дар ҳамдастӣ бо шариконамон аз корхонаи мазкур мо ният дорем, ки сокинони ҷумҳуриро бо манзили хушсифат ва арзон таъмин кунем. Самти имрӯз бештар ояндадор – сохтмони манзили аз нигоҳи истифодаи барқ каммасраф аст ва хонаҳои бо ин технология сохташуда маҳз бо ҳамин хусусияташон тафовут доранд. Ғайр аз ин, истеҳсоли модулҳои бузургҳаҷм дар конвейер ба роҳ монда шудааст ва ин тарзи кор суръати хеле тези омода кардани онҳо, сифати баланди маснӯот, самаранокии истеҳсолот ва имкони ҷалби коргарони соҳибтаҷрибаро таъмин мекунад», – гуфтааст Толиб Аҳмедов.

Усули асосии сохтмони хонаҳои модулӣ дар ҷобаҷокунии моделҳои аллакай тайёр ифода меёбад, ки пештар ба мавзеи сохтмон оварда мешаванд. Деворҳои хонаҳои модулӣ метавонанд аз сохторҳои металлӣ ё маснӯот аз чӯб тайёр карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.