АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ мактуби Муҳаммадазиз Саидназаров, донишҷӯи донишгоҳи Ал-Азҳарро
ба чоп расонид.
Донишҷӯ дар он изҳор доштааст, ки моҳи майи соли 2010 созмони дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшудаи «Бародарони мусалмон»-и Миср дар яке аз қисматҳои бонуфузи шаҳри Қоҳира ба муовини аввали раиси ҲНИТ, он замон вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ манзили сеҳуҷрагӣ туҳфа кардааст.
Бино ба гуфтаи донишҷӯ, дар манзили мазкур, воқеъ бо суроғаи маҳалаи 7-ум, кучаи Ҳофиз Бадавӣ, иморати 21 хонаи 4, шаҳраки Насри Коҳира писарони С.Ҳусайнӣ – донишҷӯёни Ал-Азҳар Абдулло Умарӣ ва Тоҳир Ҳисайнов зиндагӣ мекардаанд. «Ҳамчунин писари ӯ Ҳисайнов Тоҳир дар назди мо борҳо таъкид намуд, ки хонаҳои дар Миср ва Туркия буда, умуман ба маблағҳои махсуси ҳизб дахл надорад. Ҳ.Тоҳир муътақид аст, ки он маблағҳо аз ҷониби “бародарони мусалмон” “тақдим” гардидааст», – қайд мешавад дар номаи донишҷӯ.
Таъкид мешавад, ки бино ба гуфтаи Т. Ҳисайнов, падараш С. Ҳусайнӣ мақсад доштааст, ки санаи 16 сентябри соли 2015, аз тариқи хатсайри Душанбе-Алмаато-Қоҳира вориди Миср гардида, дар шаҳри Қоҳира дар хонаи мазкур паноҳ барад, аммо С. Ҳусайниро соати 11:00 ҳамон рӯз ҳангоми фирор, аз дохили ҳавопаймо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир намуданд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи Ал-Азҳар академияи маънавии мусалмонии пурнуфузест, ки дар шаҳри Қоҳира амал мекунад.



