Мусовии мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Шоми рӯзи 8 октябр бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол-2018 (Осиё) дар гурӯҳи “Б” миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Бишкек бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом пазируфт. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози бозӣ футболбозони қирғиз ҳисобро кушода, дар дақиқаи 62-юми қисми дуюми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Дар […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 8 октябр бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол-2018 (Осиё) дар гурӯҳи “Б” миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Бишкек бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом пазируфт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози бозӣ футболбозони қирғиз ҳисобро кушода, дар дақиқаи 62-юми қисми дуюми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 71-ум тоҷикистониён боз як тӯб зада ба ғалаба наздик буданд, вале дар дақиқаи 5-уми иловашуда футболбозони қирғиз ҳисобро бо зарбаи 11-метра баробар карданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Б» Урдун дар майдони худ тими Австралияро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб намуда, бо 10 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвал қарор гирифт ва дастаи Австралия бо 9 хол ба зинаи 2-юм поин фаромад. Дасти Қирғизистон бо 5 хол, дар зинаи сеюм, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар мақоми 4-ум ва Бангладеш бо 1 хол дар зинаи охири ҷадвал қарор доранд.

Бозии навбатии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин гурӯҳ рӯзи 13 октябр бо дастаи Урдун баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.